«Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ». Дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ доир шуд

Апрель 13, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои густариши ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муштараке, ки дар мавзуи  «Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ» дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   иттилоъ доданд, ки дар конфронс роҳбарият ва коршиносони пешбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, намояндагон аз Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Институти тадқиқоти макроиқтисодӣ ва минтақавии назди Девони вазирони Узбекистон ва Институти тадқиқоти байналмилалии ояндабинии назди Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия иштирок намуданд.

Директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, иброз намуд, ки баргузории конфронси байналмилалӣ дар Душанбе идомаи мантиқии талошҳои муштараки роҳбарони ҳарду давлат ва муносибати дӯстонаю хайрхоҳонаи мардуми Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди муштарак мебошад. Пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии давлатҳо яке аз авлавияти асосӣ дар фаъолияти ду ниҳоди муҳими давлатии ҳарду мамлакат мебошад. Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ байни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани ҳамоишу  конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Яъне меҳвари асосии кори конфронсро масъалаҳои марбут ба мундариҷаи мушаххас ва амалии санадҳои байнидавлатии қаблан имзошуда ташкил медиҳад.

Хайриддин Усмонзода ҳадафи баргузории конфронси муштаракро бо Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон дар баррасӣ ва таҳлилҳои олимону коршиносон марбут ба масъалаҳо ва муҳокимаи дурнамои пешбурди муносибатҳои шарикӣ, таҳлили муфассали вазъ ва ҷараёни татбиқи барномаҳо ва санадҳои муштараки қабулшуда, ҷустуҷӯйи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошта, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас доир ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки давлатҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои савдо, ҳамкориии саноатӣ, нақлиёт, рушди иқтисоди «сабз», кишоварзӣ, масъалаҳои марбут ба иқлим, маориф ва фарҳанг ва ғайра тавзеҳ дод.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ доир ба вазъи муосири муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории стратегии байни Тоҷикистон ва Узбекистон ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамкории ҳарду давлатро дар ин самт мусбат арзёбӣ намуд.

Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Ваҳобов робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Узбекистонро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад. Хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳарду давлатро муҳим дониста, афзуд, ки  зарфият ва имконияти воқеии мамлакатҳо дар ин самт густариш ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

«Дар оянда низ ҷониби Узбекистон омода аст, ки ҳамкории мутақобилан судманди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро бо Тоҷикистони ба мо дӯсту ҳамсоя тавсеа ва густариш диҳад. Муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодию фарҳангии байни Тоҷикистон ва Узбекистон солҳои охир беш аз пеш тақвият меёбанд. Ҳамкории воқеии ҳар ду давлат дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, маориф энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзию саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудаанд, ки итминони комил дорем минбаъд низ таҳким меёбанд»,- гуфт Жавлон Вахабов.

Конфронси байналмилалӣ дар  се бахш идома ёфта, иштирокдорони он доир ба тақвияти равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои гуногун маъруза намуданд.

Иштирокдорони конфронс пешниҳодҳои мушаххас ва амалиро оид ба таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баён намуданд. Дар интиҳо истифодаи самараноки иқтидори ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва пайгирии амалии иҷрои шартномаҳое, ки зимни гуфтушунидҳо ва муколамаи созанда байни роҳбарони ҳарду давлат ба даст омад, зарур дониста шуд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Апрель 13, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд