ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»

Апрель 14, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолу озодӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё ва муаррифии таърихи бою рангини миллати бостонии тоҷик иқдоми шоистаро амалӣ намуда, анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома диҳем ва ба аҳли башар исбот намоем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 апрел зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд» баён доштанд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, «Ҳукумати мамлакат ба масъалаи эҳё ва ҳифз, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд».

Бояд гуфт, ки имрӯз дар мамлакат зиёда аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Дар ин раванд ба истифода додани Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар оғози соли нави аҷдодӣ мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст.

Мақсад аз қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025»- ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазир барои ҳифзи ҳуқуқии онҳо, дарёфти роҳҳои истифодаи дуруст ва самараноки ҳар иншооти таърихӣ, ташвиқу тарғиб ва ворид намудани онҳо ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ муҳим буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025», ки ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии бештари мероси пурғановати ниёгонамон нигаронида шудааст, аз ҷумлаи онҳо аст.

Ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дер боз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ баҳри шинос шудан бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори мамлакат ба ин сарзамин омада, аз мероси бою рангини он баҳравар ва бо гузаштаву имрӯзи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд. Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфтани 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ ва ба рӯйхати объектҳои нодири Шоҳроҳи бузурги абрешим ворид гардидани шаҳраки Панҷакенти Қадим, шаҳраки Бунҷикати Қадим, шаҳри Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун ва ғайра нишонаи таърихи куҳанбунёд ва тамаддунсози халқи тоҷик мебошанд.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ин барнома барои солҳои 2021-2025 маблағи 26813,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки пурра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мебошад. Тибқи нақшаи барнома, тармиму барқарорнамоии шаш қалъа, се мақбара, як шаҳрак, ду масҷиди таърихӣ, як мадраса, як манора, як дайри буддоӣ ва як мавзеи тасвирҳои рӯисангӣ, ки дар маҷмуъ 16 ёдгории меъморӣ-бостониро дар бар мегирад, инчунин корҳои лоиҳакашӣ ва бостоншиносӣ, сертификатсия, такмили ихтисоси мутахассисони соҳавӣ, тарҷиби мероси таърихию фарҳангӣ тавассути интишорот пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025»,

давоми солҳои 2021-2023 барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ 8745,0 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба нақша 57,9 фоизро ташкил медиҳад, ҷудо гардид.

Бо сарфи ин маблағҳо, аз ҷумла «Қалъаи Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, масҷиди таърихии «Шоҳи Хомуш» дар ноҳияи Муъминобод, шаҳраки «Тахти Сангин» дар ноҳияи Қубодиён, Мақбараи Хоҷа Сангхок» дар ноҳияи Варзоб, мақбараҳои Хоҷа Нақшрон», 1 ва 2 дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд.

То имрӯз қисматҳои муайянгардидаи ҳуҷраҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби олимону бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси шартнома байни МД «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» ва бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кашф ва ҳафриёт шудаанд. Ҳамзамон ҷойҳои кашфгардида барои аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштани ёдгорӣ болопӯш шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанги миллӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху тамаддуни тоҷикон, тармиму барқарорсозӣ ва муҳофизати ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳидаи давлатӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёфтааст.

Воқеан, таърихи бостониву пурифтихори халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон аст.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд