Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад

Апрель 30, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шурои Директорони иҷроияи Бонки Исломии Рушд /БИР/ барои лоиҳаи маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» дар ҳаҷми умумии 550 миллион доллар, аз ҷумла 150 миллион доллар аз ҳисоби худи бонк ва  400 миллион доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб қарор қабул намуд. Чунин гуфта шуд дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, ки  30 апрел дар шаҳри Риёзи  Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Исломии Рушдро шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер (11 ноябри соли 2023, шаҳри Риёз) ва татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд  дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи “сабз”, бахусус лоиҳаҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ — Дӯстӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои «Стратегияи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои солҳои 2023-2026»  маблағгузориро зиёд намояд.

Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд омодагиро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар ин соҳаҳо баён намуд.

То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 753,4 миллион доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ҷудо гардидаанд. Дар доираи «Страгияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026» аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ҷудо намудани беш аз 235 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.

    АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
Агентии авиатсияи гражданӣ: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба  зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд