Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шурои Директорони иҷроияи Бонки Исломии Рушд /БИР/ барои лоиҳаи маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» дар ҳаҷми умумии 550 миллион доллар, аз ҷумла 150 миллион доллар аз ҳисоби худи бонк ва 400 миллион доллар аз ҳисоби фондҳои рушди араб қарор қабул намуд. Чунин гуфта шуд дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, ки 30 апрел дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд то ба сатҳи баланд рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Исломии Рушдро шарики рушди боэътимод арзёбӣ менамояд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои супоришҳо аз натиҷаи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер (11 ноябри соли 2023, шаҳри Риёз) ва татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи “сабз”, бахусус лоиҳаҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ — Дӯстӣ, ирригатсияи заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, бахши хусусӣ, пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини иҷрои «Стратегияи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои солҳои 2023-2026» маблағгузориро зиёд намояд.
Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд омодагиро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар ин соҳаҳо баён намуд.
То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 753,4 миллион доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ҷудо гардидаанд. Дар доираи «Страгияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026» аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ҷудо намудани беш аз 235 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






