31 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕ ТАМОКУ. Истеъмоли тамоку инсонро ба бемориҳои онкологӣ гирифтор менамояд

Май 31, 2024 11:02

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар таркиби тамоку моддаи никотин мавҷуд аст, ки ҳамчун алкоиди табиӣ маводи муассир ба ҳисоб меравад ва ба зудӣ вобастагӣ эҷод мекунад. Истеъмоли тамоку инсонро ба бемориҳои  онкологӣ (саратони хирной, трахея, шушҳо ва меъда), дилу раг, фишорбаландии шараёнӣ ва тромбози рагҳо ва ғайра гирифтор мекунад. Инчунин он   вазъи иқтисодии шахси сигоркашро бад мекунад. Тасмими истеъмол кардан ё накардани тамокуро ҳар инсон худаш мегирад, вазифаи мо аз зарар ва оқибатҳои он огоҳ кардан аст. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Ёдовар мешавем, ки соли 1988 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 31 майро Рӯзи ҷаҳонии бе тамоку эълон кард ва ин сана имрӯз ба рӯзҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалии Созмони Милали Мутаҳид дохил мебошад.

Ба гуфтаи мтахассисон, бештари одамон тамокукаширо ба он хотир шуруъ мекунанд, ки асабашон ором шавад. Аммо ин фикрашон ғалат аст, он ором мекунад, вале вобастагие дорад, ки дигар даст кашидан мушкил шуда, одамонро ба бемориҳои гуногун гирифтор менамояд.

Гуфта мешавад, ки бархе афроде, ки аз истеъмоли маҳсулоти тамоку даст кашидаанд, ба истифодаи сигорҳои электронӣ гузаштаанд, аммо ин сигорҳо ба саломатӣ низ зарари калон мерасонанд. Як таҳқиқот нишон медиҳад, ки никотин ва дигар моддаҳои кимиёвӣ, ки дар сигорҳои электронӣ мавҷуданд, мушкилоти саломатӣ, ба монанди тамокукашӣ ба вуҷуд меоранд.

Бояд гуфт, ки тамоку ба тамокукашҳо ва дуди он ба шахсони дар атроф буда зарар дорад.

Олимон мегӯянд, ки барои муборизаи муассир бо сирояти «дудӣ» дар ҳар кишвар бояд тадбирҳои  самарабахш  андешида шаванд. Ба фикри олимон, баланд бардоштани андоз барои тамоку бояд ба ин тадбирҳо дохил бошад.

Дар ҳамин ҳол шумораи умумии тамокукашон дар сайёра аз як  миллиард нафар зиёд шудааст, ҳар марди чорум ва ҳар бистумин зан имрӯз аз никотин вобаста мебошанд, иттилоъ додааст РИА «Новости».

Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, 23 феврали соли 2021 дар Душанбе муҳокимаи татбиқи Конвенсияи чаҳорчӯбавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку дар Тоҷикистон доир гардид.

Коршиносони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иброз намуданд, ки сатҳи тамокукашӣ дар мамлакат сол то сол коҳиш меёбад ва ин натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешида мебошад.

Аз ҷумлаи тадбирҳои андешида меъёрҳои қонунгузорӣ: манъи тамокукашӣ дар биноҳои маъмурӣ, дафтарҳои корӣ дар идораҳои корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо, осоишгоҳҳо, хобгоҳҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ номбар шуданд.

Дар мамлакат инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку дар фосилаи аз сад метр наздик ба биноҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилоти динӣ манъ карда шудааст. Ба ашхоси то 18-сола фурӯхтани сигор манъ аст: агар фурӯшанда нисбат ба синни харидор шубҳа дошта бошад, ӯ ҳақ дорад аз ӯ санади дахлдор талаб кунад.

Дар Тоҷикистон акнун фурӯши донагии маҳсулоти тамоку ва табодули маҳсулоти тамоку бо дигар молҳо ва хизматҳо, инчунин  тақсимоти ройгони онҳо дар байни аҳолӣ манъ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2018 Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузургашон дар мубориза бар зидди  тамокукашӣ бо ҷоизаи махсус сарфароз гардонид.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 31, 2024 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд