35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
ВАҲДАТ, 11.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистон пас аз таъмири пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Бинои маркази саломатӣ фарсуда гардида, ба таъмири пурра ниёз дошт. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бинои Маркази саломатии деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат таъмири пурра ва бо дастгоҳу лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гардид. Ҳоло дар он барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин маркази саломатӣ 17 корманд фаъолият дошта, дар сохтори он се бунгоҳи саломатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Ҳадаф аз бунёди ин иншоот ҳифзи саломатии мардум ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






