35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаҳри Турсунзода гулзор гардидааст
ТУРСУНЗОДА, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати дучанд идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои хуб пешвоз гирифтани меҳмонони дохилию хориҷӣ дар ин рӯзҳои таърихӣ омодагиҳои ҳамаҷониба мебинанд.
Хушбахтона, имрӯзҳо баробари ба шаҳри Турсунзода ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, шукуфаҳои Боғи марказии шаҳр, ободонии фароғатҷойҳо, ошхонаҳои замонавӣ, майдончаҳои солимгардонӣ, рангобарангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас руҳу илҳоми тоза гирифта, худро дар дунёи афсонавӣ эҳсос мекунад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам намудааст.
Тавре сардори Муассисаи манзилию коммуналии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Соҳибдавлат Назаров иттилоъ дод, имсол дар кӯчаҳои И Сомонӣ, С Айнӣ, МСА Ҳамадонӣ, М. Турсунзодаи маркази шаҳр ва дар гулдонҳои шафати роҳҳою манзараҳои маркази шаҳр 82 ҳазору 502 бех гулҳои гуногунранги бунафшаю садбарг ва зиёда аз 220 бех дарахтони ороишӣ шинонда шуданд, ки имрӯзҳо ба ҳусни шаҳри Турсунзода зебу зинати тоза бахшидаанд.
Ҳамчунин барои таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳолӣ дар маркази шаҳр зиёда аз 490 метри мураббаъ шиору овезаҳо ва аксҳои Пешвои миллат, Парчами давлатӣ насб намудаанд. Соҳибдавлат Назаров гуфт, ки дар 4 моҳи имсол дар гармхонаҳои муассиса 50 ҳазор гулҳои гуногун корида шудаанд.
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имрӯзҳо дар маркази шаҳри Турсунзода майдончаи бозии кӯдакон ба истифода дода шуда, сохтмони майдони варзишӣ идома дорад. Мояи ифтихор аст, ки сокинони шаҳри Турсунзода дар шанбегию ҳашарҳои умумӣ фаъолона иштирок намуда, шаҳрро ба истиқболи меҳмонон пурра омода менамоянд.
Дар зер аксҳо аз шаҳри Турсунзода манзур мешаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






