35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони ноҳияи Муъминобод пул месозанд

Май 5, 2024 10:29

МУЪМИНОБОД, 05.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар сойи Хоҷаҳақиқӣ, воқеъ дар назди бозори марказии ноҳияи Муъминобод бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатпешаи ноҳия сохтмони пули мошингузар ба дарозии 13 метр ва паҳноии 8 метр оғоз гардид, ки иқтидори вазнбардориаш 60 тоннаро ташкил медиҳад. Алҳол дар иншоот 60 фоизи сохтмон ба анҷом расида, дар назар аст, ки моҳи июли имсол ба истифода дода шавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Муъминобод Бобоёр Бобоёрзода иттилоъ дод.

Ин иншоот дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, сокинони деҳаи Деҳлолоро бо маркази ноҳияи Муъминобод мепайвандад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба иҷрои корҳо 15 сохтмончӣ ҷалб гардидаанд. Дар айни замон дар тобеияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Муъминобод 10 пули мошингузар мавҷуд мебошад.

Бобоёр Бобоёрзода изҳор дошт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод роҳи назди бозори марказӣ, ки солҳо боз ба таъмир ниёз дошт, ба масофаи 300 метр пурра асфалтпӯш карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд