Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Гоҳ-гоҳ қатъ гардидани неруи барқ ба фаъолияти таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ таъсири муайян мерасонад. Барои ҳамин ширкати “МегаФон Тоҷикистон” манбаъҳои алтернативии неруро ба кор мебарад. Дар ин ҷода “Интернет барои хона” воситаи нисбатан боэътимод аст. Пас дастрасии ноқилӣ аз мобилӣ ҷӣ фарқ дорад – дар ҳоле, ки ҳарду аз ҷониби як оператор пешниҳод карда мешаванд?
“Дар асл гирем, барои интернети мобилӣ ва собит таҷҳизоти гуногун ҷавобгар аст, — шарҳ медиҳад директори департаменти инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев. Ва агар бинобар қатъшавии неруи барқ дар минтақа эҳтимоли тағйирёбии сифати алоқаи мобилӣ ва интернет ҷой дошта бошад, пас дастрасии ноқилӣ устувор боқӣ мемонад. Масалан, то он даме, ки неруи ноутбук ё планшет кифоя аст, метавон филмҳоро онлайн тамошо намуд.
Ду интернети “гуногун” аз ҷиҳати техникӣ чӣ фарқ доранд? Интернети мобилӣ – ин ҷараёни маълумоти аз пойгоҳи наздиктарини базавӣ интиқолёбанда мебошад. Ба қавли дигар, трафик дар шакли радиосигнал интиқол меёбад ва бинобар ин, аз омилҳои берунӣ нисбатан зиёд вобаста аст.
Интернети хонагӣ – пайвастагии ноқилӣ аст. МегаФон Тоҷикистон “Интернет барои хона”-ро дар Душанбе аз рӯи технологияи GPON (“шабакаи оптикии гигабитаи пассив) пешниҳод менамояд – дар ин ҳолат кабели нахӣ-нурӣ бевосита то худи манзили истиқоматии муштарӣ гузаронида мешавад. Тавассути он трафик бемонеа интиқол меёбад, ҳангоми қатъшавии неруи барқ сифати хизматрасонӣ дар ҳамон сатҳе боқӣ мемонад, ки ҳангоми фаъол будани барқ буд.
Ин бо ду роҳ таъмин карда мешавад. Аввалан, мутахассисони алоқа аккумуляторҳоро истифода мебаранд – таҷҳизот метавонад новобаста аз он ки хатҳои берунии неруи барқ фаъоланд ё на, то панҷ соат корашро идома диҳад. Дуюм, дар ҳолати “Интернет барои хона” эҳтимол аст манбаъҳои неру на дар он минтақае ҷойгир бошанд, ки интиқоли неруи барқ ба он қатъ шудааст. Кабели нахӣ-нурӣ қодир аст, ки трафикро ба даҳҳо километр масофа бе тағйирдиҳии сифати хизматрасонӣ интиқол диҳад. Масалан: дар маҳаллае, аз ҷумла ҷойҳое, ки дар онҳо пойгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ насб гардидаанд, бо тартиби навбат неру қатъ карда мешавад. Лекин истифодабарандагони “Интернет барои хона”, ки дар хонаҳои онҳо неруи барқ ҳаст, ба таври онлайн филм тамошо мекунанд ё сайри шабака менамоянд.
“Ба ғайр аз чунин афзалият, ба монанди идомаи кори устувор ҳангоми қатъи неруи барқ дастрасии собит инчунин афзалияти дигар низ дорад. Масалан, имконияти истифодаи интернет бо тамоми оила дар якчанд дастгоҳ. Ва агар интернети мобилӣ аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла аз теъдоди истифодабарандагони ҳамзамон дар шабака қарордошта вобаста бошад, суръати интернети ноқилӣ доим чуноне боқӣ мемонад, ки дар шартҳои тарофа оварда шудааст”, — илова менамояд Алиҷон Ғаниев.
Маълумоти муфассалро доир ба хизматрасонии “Интернет барои хона” метавонед дар сомонаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ё бо телефони 4747 пайдо намоед.
АКС: ширкати “МегаФон Тоҷикистон”








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






