Ҳайатҳои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд

Май 21, 2024 17:03

ДУШАНБЕ, 21.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба роҳбарият ва мардуми шарифи ин кишвари дӯсту бародар дар робита ба даргузашти фоҷеабори Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҳодисаи суқути чархбол изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи роҳбарият ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардидааст.

Саҳм ва кӯшишҳои Саидиброҳим Раисӣ дар густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ бузург арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ғамангез, ғамшарики ин кишвари дӯсту бародар ва мардуми он буда, ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор медоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 21, 2024 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд