Ҷаласаи онлайнии комиссияи Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон доир шуд

Май 30, 2024 19:04

ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия  бахшида ба «Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷаласаи комиссияи озмунии Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон (тариқи онлайн) баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ташаббускори озмун Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Парлумони ҷавонони назди Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия оид ба дастгирии Шурои дипломатҳои ҷавон, Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳамоҳангсозони ин озмун мебошанд.

Ҳадаф аз гузаронидани Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — рушди малакаҳои эҷодию адабии ҷавонон ва муоширати онҳо бо забони русӣ, тақвияти ҳамкории судманд ва муносибатҳои дӯстона байни ҷавонони Иттиҳод маънидод шудааст.

Дар кори ҷаласаи онлайнии комиссияи озмунӣ муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова ба ҳайси коршинос иштирок намуда, оид ба натиҷаи баҳодиҳӣ ба корҳои эҷодии иштирокчиёни озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Мояи ифтихор аст, ки тарҷумонҳои ҷавон аз ҷумҳурии мо дар номинатсияи тарҷумаи осори насрӣ аз русӣ ба тоҷикӣ (Додоҷонова Баҳринисо), осори назмӣ аз тоҷикӣ ба русӣ (Абдуллоева Аниса Фирдавсовна) ва тарҷумаи озод (назм) аз тоҷикӣ ба русӣ (Раҳматуллоева Суман) сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Коршиносон аз дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷамъбасти озмун сухан гуфта, барои такмили Низомномаи озмун ва минбаъд низ гузаронидани чунин озмунҳо дар байни ҷавонон таклифҳои муфид пешниҳод карданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Май 30, 2024 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд