Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси Шуро Дилбар Одилзода баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Дар ҷаласа гузориши мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт шунида шуд. Дар ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кори Шурои ҳамоҳангсози фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он баҳри рушди соҳа таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки Шурои ҳамоҳангсоз дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2018 бо мақсади таъмини ҳамкории густурда байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, инчунин субьектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии пойтахт, новобаста аз шакли моликият ва тобеият таъсис дода шудааст.
Шуро мақоми доимамалкунандаи машваративу ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид






