«ҶАВОНОН- ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе таҳти чунин унвон роҳпаймоии осоишта доир шуд

Май 21, 2024 19:24

ДУШАНБЕ, 21.05.2024  /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо бардоштани парчами ҳаҷмаш 32 метр доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар оғоз ҳайати олимону кормандон, магистрантону докторантони PhD ба хотири арҷ гузоштан ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва тарафдорӣ аз сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ба роҳпаймоии осоишта баромаданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи академия Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «дар ҷомеаи муосир нақш ва манзалати ҷавонони фаъол, донишманду хештаншинос бағоят муҳим буда, пешрафт, ташаккул ва муаррифии имконияти зеҳнии ҷомеаро бе онҳо тассавур кардан ғайриимкон аст. Рисолати ҷавонони азиз аз он иборат аст, ки фаъолияти созандаи фарзандони баруманди миллати тоҷикро, ки имрӯз дар хизмати халқу Ватан ҳастанд, шарафмандона идома диҳанд».

Хамчунин дар ҷараёни ҳамоиш як зумра устодону кормандон ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 21, 2024 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд