«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат!»- таҳти чунин унвон дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз 13 то 17 май дар шаҳри Бӯстон ҳафтаи худидоракуни ҷавонон гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Ҳафтаи худидоракунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар доираи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонон амалӣ гардида, дар чорабиниҳои бошукуҳи шаҳрӣ ба ҷавонон -донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гувоҳномаҳо тақдим карда мешаванд.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон таҳти унвони «Мо, ҷавонони Ватан созандаем!» ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри болидахотирии сокинон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳар ҳафта 2 маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ҷавонӣ» баргузор мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






