Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
РОҒУН, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 2500 нафар бо бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҷавонони шаҳри Роғун дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ватандӯстию ҳифзи амнияти Ватан нақши сазовор доранд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 бо назардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки ин иқдом нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи махсуси давлат ба наврасону ҷавонон мебошад. Ҷавонони шаҳри Роғун дар ҷавоб ба ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аз худ кардани донишҳои замонавӣ дар мусобиқаву чорабиниҳои гуногуни фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва Парчами Тоҷикистони азизро парафшон менамоянд.
Директори муассисаи таълимии яки шаҳри Роғун Парвина Иброҳимова иброз дошт, ки «Пешвои миллат дар ҳар суханронияшон таъкид менамоянд, ки «мо бо ҷавонони созандаамон ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар рушди Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд»».
Иброз гардид, ки барои ҷавонон мояи ифтихор аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
Самараи неки истиқлол ва баракати сулҳу ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо пешсаф буда, дар дохили мамлакат ва берун аз он низ ба дастовардҳои баланд ноил мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






