Ба сокинони Файзобод муҳтавои суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин расонида шуд

Май 23, 2024 15:03

ФАЙЗОБОД, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Суди ноҳия ва Прократураи ноҳия бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ  (2024)  ва расонидани  муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9 марти соли 2024) дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинон вохӯриҳо доир мегарданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии ноҳияи Файзобод  иттилоъ доданд.

Дар вохӯриҳо масъулини дахлдор вобаста ба  мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла маърифати ҳуқуқӣ-омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистон, пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм дар байни шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа, бо шуғл фаро гирифтани ҷавонони аз 18-сола боло, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоию исрофкорӣ сухан гуфтанд.

Раиси Суди ноҳияи Файзобод Бахтиёр Холиқзода иброз намуд, ки “маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад. Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба  солгарди ҳуҷҷати тақдирсоз, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дорад, зеро  он таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мебошад».

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағийрёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». 

Дар ин вохӯриҳо вобаста ба суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин андешаҳои сокинон шунида шуд. Сокинони ноҳияи Файзобод дастуру супоришҳои Сарвари давлатро қабул намуда, барои муҳайё намудани зиндагии шоиста ва дуруст тарбияю соҳибкасб намудани  фарзандонашон пайваста кӯшиш менамоянд.

Прокурори ноҳияи Файзобод Хусрав Миралӣ иброз дошт, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ атрофи муҳимтарин масъалаҳо, муаммо ва мушкилоти имрӯза, ки ба сабаби ташаннуҷи хурофоту ифротгаройии динӣ ва мазҳабӣ рӯйи кор омада, ба таҳдиду хатарҳо замина мегузорад, суҳбати пурмуҳтаво анҷом доданд. Тамоми сокинони Тоҷикистон суханронӣ, таҳлилу арзёбӣ, ташхису нуктагириҳои Сарвари давлатро  бодиққат гӯш карда, онро дар зиндагӣ ва барои хушбахтии фарзандон истифода менамоянд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки сокинони ноҳияи Файзобод дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи ҷумҳурӣ равона шудааст, пайравӣ менамоянд”.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар тамоми мамлакат ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон диққати махсус дода шуда, дар ин самт вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадор ҳастанд, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро густариш бахшанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Май 23, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд