Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Ховалинг мусобиқаҳои гӯштин ва аспдавонӣ доир шуданд

Май 27, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ дар доираи мусобиқаҳои варзишӣ пойгаи аспдавонӣ ва гӯштини  тарзи озод доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти ин ноҳия.

Бояд гуфт, ки ин рӯз бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид қабул ва 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.

Дар деҳоти Навроҳои Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир гардида, дар он 50 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Мусобиқа дар се давр доир гардида, варзишгарон масофаи 5000 метрро бо маҳорати баланди варзишӣ тай намуданд.

Дар қисмати ниҳоии мусобиқа муайян гардид, ки дар даври якум ҷойи аввал ба Шаҳобиддин Ҳасанов, истиқоматкунандаи деҳоти Утонқалъаи ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо асп бо лақаби «Номус» насиб гардид.

Ҷойи дуюм ба истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон, бо асп бо лақаби «Парвоз» ва ҷойи сеюм ба Ҷумахон Саидов, истиқо болақаби «Кранги сарбаланд» дода шуд.

Дар даври дуюми мусобиқа Суҳроб Олимзода, истиқоматкунандаи деҳаи Лоҳутии ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо асп бо лақаби «Кобра» ҷойи аввалро ишғол намуд.

Ҷойи дуюмро Умедҷон Раҷабов, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо асп бо лақаби «Пикас» ва ҷойи сеюмро Тоирхон Шарипов бо асп бо лақаби «Дилдил» соҳиб гардид.

Дар даври сеюми мусобиқаи пойгаи асп ҷойи аввалро Саидҷон Рустамов, истиқоматкунандаи деҳоти Садбаргҷои ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо асп бо лақаби «Ҷеран», ҷойи дуюмро  Зулфиқори Шер, истиқоматкунандаи деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо асп бо лақаби «Богатий» ва ҷойи сеюмро Эмомалии Рамазон, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бо асп бо лақаби «Месси» соҳиб гардиданд.

Раиси ноҳияи Ховалинг Фаррух Набизода иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотирмону арзишнок тақдим намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг

Май 27, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд