Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 1, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи  назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ Созишнома ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин санад ба густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, назорат дар маҳал ва назорати фосилавӣ мусоидат менамояд. Инчунин паҳлуи дигари  ин санад ба назорати раванди қабул ва коркарди ҳисоботи молиявӣ, ошкор кардан ва мониторинги хавфҳо дар фаъолияти ташкилоти қарзӣ, татбиқ ва корбурди стандартҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ, гузаронидани санҷишҳои фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва мубодилаи иттилоот нигаронида шудааст.

Созишнома дар доираи баргузории   ҷаласаҳои баҳории давлатҳои аъзои Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби  раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

Зимни имзои ин санад роҳбарони бонкҳо масъалаҳои муҳимми низоми бонкию молиявӣ ва густариши ҳамкории минбаъда дар самти мубодилаи маълумот ва таҷрибаро баррасӣ намуданд.

    АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 1, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд