Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд

Май 3, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба занонхизматчиёни давлатӣ омӯзонидани на кам аз ду забони хориҷӣ, маҳорати суханварӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коргузорӣ дар идораи давлатӣ ва ба ин васила омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 30 намояндаи вазорату идораҳо даври чормоҳаи  омӯзишии ройгон ба роҳ монд. Ин нуктаро роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ зимни ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба таҳлилу баррасии фаъолияти соҳа дар се моҳи имсол иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки даври чормоҳаи  омӯзишии ройгон бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» доир мегардад.

Ҷаласа ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардида, дар он ҳисоботи фишурда аз фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва минтақаҳои ҷумҳурии кор бо занон ва оила манзур шуд.

Иброз гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Ҳамзамон вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» маълумот дода шуд.

Кумита ба масъалаи баланд бардоштани заминаҳои иқтисодии оилаҳо, таъмини занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ, ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ мунтазам чораҷӯӣ менамояд. Аз ҷумла, аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳод гардидани лоиҳаҳои соҳибкории занони ҳунарманд ва соҳибкор озмун эълон  гардид  ва айни замон қабули лоиҳаҳо ба Комиссияи озмунии гранти президентӣ идома дорад.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ навсозӣ карда мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ дар Чин иштирок намуданд
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши табиии аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи биҳӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дорад
Сиëсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ëфт
«ДУШАНБЕ — МУАРРИФУ ТАҲКИМБАХШИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Бардошт аз ҳамоиши илмӣ-адабӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — ҚИМАТТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона баргузор шуд
Дар Чин барои хизматчиёни давлатӣ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» амалӣ шуд
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад