Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд

Май 3, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба занон—хизматчиёни давлатӣ омӯзонидани на кам аз ду забони хориҷӣ, маҳорати суханварӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коргузорӣ дар идораи давлатӣ ва ба ин васила омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 30 намояндаи вазорату идораҳо даври чормоҳаи  омӯзишии ройгон ба роҳ монд. Ин нуктаро роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ зимни ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба таҳлилу баррасии фаъолияти соҳа дар се моҳи имсол иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки даври чормоҳаи  омӯзишии ройгон бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» доир мегардад.

Ҷаласа ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардида, дар он ҳисоботи фишурда аз фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва минтақаҳои ҷумҳурии кор бо занон ва оила манзур шуд.

Иброз гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Ҳамзамон вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» маълумот дода шуд.

Кумита ба масъалаи баланд бардоштани заминаҳои иқтисодии оилаҳо, таъмини занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ, ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ мунтазам чораҷӯӣ менамояд. Аз ҷумла, аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳод гардидани лоиҳаҳои соҳибкории занони ҳунарманд ва соҳибкор озмун эълон  гардид  ва айни замон қабули лоиҳаҳо ба Комиссияи озмунии гранти президентӣ идома дорад.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид