Беҳтарин тараннумгарони Ватан муайян гардиданд

Май 27, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 нафар ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» муайян гардиданд. Озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар он Шоира Мадалиева сазовори ҷойи аввал, Бахтиёр Раҳмониён, Зайнаб Ҳусейнова сазовори ҷойи дуюм ва Ғунчагул Нурализода, Рустам Азимов сазовори ҷойи сеюм шуданд. Инчунин дар озмун чанд иштирокчии фаъол соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар маҷмуъ 21 иштирокчии фаъол аз тарафи кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ карда шуданд.

Мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар фарди мамлакат, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон мебошад.

Шарти Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» ин буд, ки иштирокчиён дар дилхоҳ гӯшаи табиати Ватан бо телефони ҳамроҳи худ (ё дигар дастгоҳҳои наворбардорӣ) шеър, тарона ё сурудеро дар васфи Ватан замзама намуда, онро ба унвони рӯзнома ирсол менамоянд.

Маводи ирсолнамудаи иштирокчиён танзим шуда, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ва ютубии рӯзнома ҷой дода шуд.

Ëдовар мешавем, ки озмун моҳи апрел оғоз гардида, то 15 май идома ёфт.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид