Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвияти рушди содирот барои таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Агентии «Тоҷикстандарт» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳию омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо хоҷагидороне, ки ба парвариш ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан пиёзи барвақтӣ сару кор доштанд, гузаронида шуданд.
Дар аснои вохӯрӣ ба кишоварзон маълумоти зарурӣ оид ба стандарти байналмилалии Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид –«ЕЭК ООН стандарти «FFV-25» барои пиёзи гуногуннавъ (навъҳои полезӣ) барои ба қайд гирифтани нишондиҳандаҳои зарурӣ дода шуд.
Ҳамзамон ба кишоварзон нуқсонҳои табиӣ, нуқсонҳои техникӣ, намуд, шакл, вазн ва дигар нишондиҳандаҳои маҳсулот ба тариқи рӯнамо пешниҳод шуданд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






