Дар ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазъи муҳоҷират баррасӣ шуд

Май 28, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мумтақил доир шуд, ки дар кори он масоил оид ба вазъи муҳоҷират, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷараёни омодасозии санадҳои намунавии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз намуд, ки ин шуро бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва пайомадҳои он барои рушди иқтисодӣ ва амнияти миллии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис дода шудааст.

Дар кори ҷаласа намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа маърузаҳо оид ба натиҷаҳои иҷрои Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҷрибаҳо дар бастан ва татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи реадмиссия, таҷрибаи хадамотҳои муҳоҷират аз рӯйи принсипи «равзанаи ягона» ва рақамисозии онҳо пешниҳод карда шуд.

Дар доираи баргузории ҷаласа Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маркази зиддитеррористии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки шакли асосии кори Шуро баргузории ҷаласаҳои мунтазам мебошад, ки дар онҳо масъалаҳо ва ҳуҷҷатҳои марбут ба ду соҳаи асосии ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ карда мешаванд. Инҳо мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, инчунин иштирок дар таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо ташаббуси шуро заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ дар иттиҳод дар соҳаи муҳоҷират таъсис ва такмил меёбад.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз кори ҷаласа дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федеролии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид