Дар Бадахшон 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик барномаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Раиси вилоят ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ шинос шуда, ба поси хотири афсарон ва сарбозоне, ки барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии Ватан ҷони худро аз даст доданд, дар назди муҷассамаи сарбози Ватан гулчанбар гузоштанд.
Иброз гардид, ки ҳимояи марзи давлатӣ дар қатори арзишҳои муқаддаси давлатию миллӣ- забон, таърих, фарҳанг ва дигар дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат меистад. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва махсусан баъди барқарор гардидани Ҳукумати конститутсионӣ дар Ватани мо масъалаи ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Роҳбарияти Ҳукумати конститутсионӣ таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми таърихию тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи муҳимияти масъала, бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи зарурии сарҳадоти мамлакат қарори дахлдор қабул намуд, ки дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил карда шавад. Баъди чанде бо қарори Раёсати Шурои Олӣ дар ҳайати ин кумита Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис дода шуд ва ниҳоят 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амниятии мамлакат Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ин рӯз минбаъд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.
Бо қаноатмандӣ ва ифтихор бояд гуфт, ки дар 30 сол ин ниҳод бо хизмати содиқона ба Ватану миллат ва Роҳбари Олии мамлакат исбот намуд, ки дар радифи дигар сохторҳои низомии мудофиавӣ ва амниятию низомии давлат сипари боэътимоди на танҳо ҳифзи марзу бум, балки муҳофизи суботи ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ низ мебошад.
Изҳор гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тамоми имкониятро истифода бурда, барои дастгирии ниҳодҳои низомӣ, амниятӣ ва ҳуқуқӣ фаъолиятро тавсеа медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд






