Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид

Май 2, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат дар музофоти Гуандун дар ҷануби Чин 36 нафар ба  ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «Синхуа» хабар додааст.

Қаблан дар бораи 24 ҳалокшуда ва 30 захмӣ хабар расида буд.

Ин ҳодиса шоми чоршанбе дар шаҳри Мэйчжоу рух дод, ки зимни он 18 мошин аз роҳ ба чоҳи азим афтоданд.   Дар наворҳое, ки расонаҳои Чин нашр намудаанд, дида мешавад, ки баъзе мошинҳо ҳангоми афтидан оташ гирифтаанд. Дарозии қитъаи фурӯравии роҳ тақрибан 18 метр ва майдони он тақрибан 184 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мақомоти маҳаллӣ изҳор намуданд, ки сабаби фурӯ рафтани шоҳроҳ эҳтимол боронҳои шадиде бошанд, ки аз ҳафтаи гузашта вилояти Гуандунро фаро гирифтаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 2, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд