Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти имсол зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баён дошта буданд, ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар мулоқот донишҷӯён ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу оромӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват шуданд. Илова гардид, ки ҷаҳони пуртазод ва пур аз мухолифат дар бештар маврид ба тафаккуру андешаи ҷавонон таъсир мегузорад ва ин қишри ҷомеа бояд пайваста омӯзад, то фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагардад.
Дар ҳамоиш дар мавзуи «Хатари ҷаҳлу хурофот ба амнияти мамлакат, арзишҳои миллӣ, бақои миллат ва ояндаи давлатдории миллӣ» сухан гуфта шуд. Инчунин доштани андешаву тафаккури миллӣ, хиради аҷдодӣ ва донишҳои муосири диниву сиёсӣ барои ҷавонон воситаи муҳим арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи глобалӣ табдил ёфта, дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфӣ низ ба бор овардааст, ки боиси нигаронии аҳли башар мебошад. Терроризму экстремизм, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонида, ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст.
Имрӯз даврае фаро расидааст, ки бояд дастҷамъона, тавассути хирад ва ақли солим бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем, то Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои милливу диниямон ҳифз гарданд.
АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






