Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид

Май 27, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ таҳти унвони «Нақши химия ва саноати химиявӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат» конференсияи байналмилалӣ баргузор гирдид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар кори конференсия ҳайати меҳмонон бо  дастовардҳои илмии омӯзгорони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд,  шинос шуданд.

Конференсия  бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020 -2040) ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) гузаронида шуд.

Дар конференсияи байналмилалӣ олимони кишварҳои гуногун дар шаш бахш (таҳқиқоти химиявӣ, технологияи химиявӣ ва металлургия, мошинсозӣ ва технологияи мавод, экология, иқтисодиёт ва фанҳои бунёдӣ (математика, физика)) зиёда аз 100 мақолаи илмиро  пешниҳод ва муҳокима намуданд.

Дар конференсия намояндагони 35 донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърузачиён баҳри рушди саноати мамлакат тавсияҳои пурарзиш пешниҳод намуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ

Май 27, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад