Дар Душанбе ҷаласаи 5-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Комрон Алиев, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муваҳҳидӣ-Озод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Берик Асилов, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Улукбек Султанов, муовини Прокурори Ҷумҳурии Исломии Покистон Рашидин Наваз Касурӣ, Прокурори генералии Суди олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, муовини Прокурори генералии Туркманистон Алланазар Ниязлиев, Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон Нигматилло Юлдошев, Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ ва ба ҳайси меҳмони фахрӣ Прокурори генералии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сауд ибни Абдуллоҳ Ал-Муъҷиб иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҷиноятҳои фаромиллии муташаккилро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид намуданд, ки барои муборизаи беамон ба муқобили ин таҳдиду хатарҳои мураккаб ва торафт афзоянда зарур аст, ки ҳамкории ҳуқуқӣ байни сохторҳои судӣ тақвият дода, роҳҳои расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ васеъ карда шаванд.
Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласа Декларатсияи Душанбе қабул карда шуд, ки дар он қарори иштирокдорони ҷаласаи 5-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба мусоидат баҳри тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи ниҳоят муҳим, муборизаи устуворона бар зидди ҷинояткории фаромиллии муташаккил, дар сатҳи минтақа бештар намудани талошҳо ва қатъияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баҳри бартараф намудан ва кам кардани таҳдиду хатарҳои ҷинояткории фаромиллии муташаккил инъикос ёфтааст.
Нақшаи ҳамкорӣ байни прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ тасдиқ карда шуд. Иштирокдорони ҷаласа таъкид намуданд, ки Нақшаи ҳамкорӣ ба таври самарабахш ва амалан иҷро карда шавад.
Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаҳои прокурорҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мунтазам баргузор карда шаванд. Баҳри тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Оид ба табодули мутахассисон, шароит ва имконият барои такмили ихтисоси кормандони соҳа ва мутасаддиёне, ки ба мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва ҷинояткории фаромиллии муташаккил ҷалб шудаанд, изҳори назар карда шуд. Қарор карда шуд, ки ба Котиботи Созмон вобаста ба лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ байни марказҳои омодасозии мутахассисони касбии прокуратураҳои генералӣ таклифу пешниҳод карда шавад.
Баъд аз анҷоми ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ Ховар








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






