Дар Душанбе бо беш аз 28 миллион евро қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд эстакада сохта мешавад

Май 16, 2024 20:34

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо беш аз 28 миллион евро қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) эстакада – роҳи дусатҳа сохта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Қаблан дар ин хусус байни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи қарзӣ ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ пайваст ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе» — баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути ин минтақаҳо, паст намудани ҳолатҳои танбашавӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Май 16, 2024 20:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид