Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҳбарӣ намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра муфассал баррасӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи хосса ба омода намудани муҳтавои мулоқотҳои дарпешистодаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сатҳи олӣ зоҳир шуд.
Ҳамчунин доир ба ҳамкории ду мамлакат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.
Аз натиҷаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории консулӣ ба имзо расид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






