Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин, роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории байнидавлатиро баррасӣ намуданд.
Зимнан вазирон оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин қолаби «Осиёи Марказӣ+Чин» табодули назар анҷом доданд.
Дар мулоқот мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ идома медиҳанд.
Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»













Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






