Дар Душанбе нуқтаи дигари нерудиҳии электромобилҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои гузариш ба иқтисоди “сабз” ва консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026 дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт нуқтаи дигари нерудиҳии электромобилҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Масоҳати нуқтаи нерудиҳии электромобилҳо ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, имкон дорад дар як вақт то 20 воситаи нақлиётро дар саҳни худ ҷо кунад. Як қисмати ин нуқта ҳамчун таваққафгоҳ ва паҳлуи дигари он барои нерудиҳии электромобилҳо пешбинӣ гардидааст. Дар ин нуқтаи хизматрасонӣ 6 таҷҳизоти барқӣ бо иқтидори 120 киловат нерудиҳӣ насб карда шудааст. Ҳар таҷҳизот бо ду хати нерудиҳӣ метавонад дар як вақт ду электромобилро бо неруи барқ таъмин намояд. Дар умум 6 таҷҳизоти барқӣ 12 электромобилро бо неруи барқ таъмин менамоянд.
Нуқтаи нерудиҳии электромобилҳо хатҳои уфуқӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва бунгоҳи назоратӣ дорад. Мавҷудияти инфрасохтор имкони сатҳи баланди хизматрасониро таъмин мекунад. Нуқтаи нерудиҳии электромобилҳо дар ноҳияи Сино дар байни роҳи автомобилгард ҷойгир аст. Воситаҳои нақлиёти барқӣ имкон доранд аз як тарафи роҳ ба нуқтаи хизматрасонӣ ворид ва хориҷ шаванд. Дар ин нуқтаи хизматрасонӣ дар баробари ронандагони электромобилҳои таксӣ шаҳрвандон ҳам метавонанд воситаҳои нақлиёти барқии худро бо неруи барқ таъмин намоянд.
Ҳамзамон дар пайи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бо ташаббуси ҶДММ «Сайёҳон» низ нуқтаи нерудиҳӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ёдрас мешавем, ки нуқтаи нерудиҳии электромобилҳо барои иҷрои муқаррароти Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Консепсияи мазкур дар заминаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки 31 октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, таҳия ва мавриди амал қарор гирифт.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд






