Дар Душанбе рушди соҳибкории занон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» конфронси илмӣ–амалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин марказ.
Дар конфронси илмӣ–амалӣ вазъи кунунии тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо ба имтиёзҳою грантҳо ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки соли 2023 дар мамлакат занҳои соҳибкор зиёда аз 85 ҳазор нафарро ташкил намуданд, ки нисбат ба панҷсоли қаблӣ тақрибан 5-10 дарсад зиёд мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи пайвастаи ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиии ҷомеа, бахусус соҳибкориро яке аз омилҳои пешбарандаи рушди босубот ва амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат медонад. Вобаста ба ин, муосидат ба рушди соҳибкории занон низ яке аз ҳадафҳои рушди иқтисодии мамлакат дониста шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муфид амалӣ мешаванд.
Ҳукумати мамлакат соҳаи соҳибкориро дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит барои ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон муайян кардааст.
Дар суханрониҳо ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, арзёбии сатҳи бархӯрдории занҳои соҳибкор аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошта ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини рушди соҳибкории занон ва амсоли ин диққат дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ба мақому манзалати занон яке аз самтҳои сиёсати муҳими давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб мешавад. Имрӯз занон-модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандиашонро дар густаришу такмил додани арзишҳои волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон, пос доштани арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа бо камоли масъулият адо менамоянду сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «занон дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Имрӯз занони тоҷик дар ҳама касбу кор пешсафу саҳмгузор буда, дар иқтисодиёти мамлакат низ саҳми бориз доранд. Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади дастгирии занон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад






