Дар Душанбе вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории муштарак дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, такмил додани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳалли мушкилот, вазъи ҳуқуқӣ, беҳтар намудани шароити будубош ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия гуфтушунид ва табодули афкор доир шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ибрози итминон намуданд, ки барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот, ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос омода мебошанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон










«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






