Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид

Май 21, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 май ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Лондон гӯшаи фарҳангии миллӣ  ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳошияи ЭКСПО аз ҷониби Сафорат мӯд намоиш дода шуд, ки дар он либосҳои миллии тоҷикӣ- чакан ва атласу адрас ба меҳмонон намоиш дода шуда, оид ба таърихи ғании пайдоиши нақшҳои гулдӯзӣ маълумот пешкаш гардид.

Гузашта аз ин ҳунарманди тоҷик бо дутор табъи иштирокдоронро бо иҷрои мусиқии анъанавии тоҷикӣ болида намуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи ЭКСПО Сафорат гӯшаи фарҳангии миллӣ  оро дод, ки дар он сару либосҳои миллӣ, сӯзанию кундал ва асбоби мусиқии миллӣ ба намоиш гузошта шуда, ба тамошобинон маълумот оид ба таъриху фарҳанги ғании тоҷикон пешкаш гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад