Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 май ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Лондон гӯшаи фарҳангии миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳошияи ЭКСПО аз ҷониби Сафорат мӯд намоиш дода шуд, ки дар он либосҳои миллии тоҷикӣ- чакан ва атласу адрас ба меҳмонон намоиш дода шуда, оид ба таърихи ғании пайдоиши нақшҳои гулдӯзӣ маълумот пешкаш гардид.
Гузашта аз ин ҳунарманди тоҷик бо дутор табъи иштирокдоронро бо иҷрои мусиқии анъанавии тоҷикӣ болида намуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ЭКСПО Сафорат гӯшаи фарҳангии миллӣ оро дод, ки дар он сару либосҳои миллӣ, сӯзанию кундал ва асбоби мусиқии миллӣ ба намоиш гузошта шуда, ба тамошобинон маълумот оид ба таъриху фарҳанги ғании тоҷикон пешкаш гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






