Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Май 19, 2024 09:46

ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Зимни ҷамъбасти озмун Раиси шаҳри Хоруғ аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирию пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷӯён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ёдовар шуд.

Гуфта шуд, ки сол то сол иштироккунандагони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд гардида, он байни ҷомеаи мадании мо ҳамчун падидаи нодири фарҳангиву маънавӣ қабул шудааст.

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 166 нафар иштирок намуданд,  ки аз онҳо 53 нафар ғолиб гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Ба ғолибони озмун Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин ба омӯзгороне, ки барои омода намудани шогирдон саҳм гузоштаанд, Сипоснома супорида шуд.

Бояд гуфт, ки    соли шашум аст озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланд доир шуда, довталабон ба озмун бо омодагии пурра ҳозир мегарданд.

 АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Май 19, 2024 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад