Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Зимни ҷамъбасти озмун Раиси шаҳри Хоруғ аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирию пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷӯён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ёдовар шуд.
Гуфта шуд, ки сол то сол иштироккунандагони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд гардида, он байни ҷомеаи мадании мо ҳамчун падидаи нодири фарҳангиву маънавӣ қабул шудааст.
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 166 нафар иштирок намуданд, ки аз онҳо 53 нафар ғолиб гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ғолибони озмун Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ба омӯзгороне, ки барои омода намудани шогирдон саҳм гузоштаанд, Сипоснома супорида шуд.
Бояд гуфт, ки соли шашум аст озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланд доир шуда, довталабон ба озмун бо омодагии пурра ҳозир мегарданд.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






