Дар қисмҳои ҳарбӣ маросими савгандёдкунии аскарон баргузор шуд

Май 25, 2024 17:47

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар баробари даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати аскарӣ ҳамчунин дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баъд аз худ кардани машқҳои омодагӣ ва дарсҳои фаннии «Ҷанговари ҷавон» маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор карда мешавад.

Чанде қабл дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии сарбозон баргузор карда шуд. Аскарон давоми беш аз як моҳи хизмати аскарӣ меъёрҳои оинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ карда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шудаанд. Аскарон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ҳамчун сарбозони комилҳуқуқи Артиши миллӣ тамоми вазифаву уҳдадориҳои ҳарбиву хизматиро мустақилона иҷро менамоянд, зеро то аскар Савганди ҳарбӣ ёд накунад, наметавонад уҳдадориҳои харбии худро иҷро кунад.

Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Оиномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо даровардани Байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Ҳар аскар дар назди масъулини роҳбарикунандаи навъи қӯшун, афсарони қисми ҳарбӣ ва падару модарон савганд ёд намуда, қавл дод, ки сарбози содиқу бошарафи Ватан боқӣ монда, на танҳо давоми хизмат, балки тамоми умр баҳри таъмини суботу амнияти мамлакат хизмат мекунад. Зеро, ҳимояи давлат ва ҷомеа, таъмини амнияти шахс вазифаи сарбозони Ватан — ҷавонони бонангу ор мебошад. Аскарон садоқату самимияти худро зери Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ бо ибораи басе ҳам пурифтихор- хизмати содиқона ба халқу Ватан ифода карда, бо шараф хондан ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд, ки дар ин роҳи пуршараф ва мояи ифтихору сарфарозӣ қадамҳои устувор мегузоранд ва хизмати масъулиятноки низомиро сарбаландона пеш мебаранд.

Дар идомаи маросими тантанавӣ ҳайати роҳбарикунанда, намояндагони бахшу соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва волидону наздикони сарбозон фарзандони далеру шуҷои Ватанро ба муносибати қабули Савганди ҳарбӣ самимона табрик гуфта, таъкид доштанд, ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ дар сарзамини мо сулҳу субот пойдор ва зиндагии осоишта идома дорад.

Дар маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими савгандёдкунии аскарон ҳамчунин дар қисмии низомии дигар гузаронида шуд. Аскарони ин қисми низомӣ пас аз бомуваффақият сипарӣ намудани даври якмоҳаи аскарӣ дар назди масъулини ин воҳиди низомӣ, падару модарон ва дигар меҳмонони чорабинӣ савганд ёд намуданд. Маросими савгандёкунии ин гурӯҳи наваскарон бо риояи қоидаи гузаронидани чорабиниҳои низомиён, ки бо садо додани Суруди миллӣ ва ворид кардани Байрақи ҷангӣ оғоз карда мешавад, идома ёфт.

Дар ин рӯз сарбозони даъватшуда дар майдони қисми ҳарбӣ саф ороста, яке пайи ҳам назди афсарон савганд ёд намуданд. Онҳо бо ёд намудани Савганди ҳарбӣ қавл доданд, ки дар иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои ҳарбии худ то нафаси охирин содиқ монда, баҳри ҳифзи марзу бум ва пос доштани муқаддасоти Ватан хизмати содиқона мекунанд.

Воқеан ҳам дар раванди авҷ гирифтани хатарҳои глобалӣ, густариши ҷинояткории фаромиллӣ ҷавононро мебояд дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва суботу оромии Тоҷикистон ҳамеша қадамҳои устувор гузошта, савганди садоқати ба Ватан ёд намудаи худро гиромӣ доранд. Савганди ҳарбӣ ҳар сарбозро водор мекунад, ки давоми хизмати ҳарбӣ бо номуси фарзандӣ ва ғурури ҷавонмардона вазифаи конститутсиониашро сарбаландона адо намояд.

Маросими савгандёдкунии аскаронро аҳли фарҳангу ҳунар бо суруду оҳангҳои дилнишин хотирмон гардониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2024 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид