Дар Кӯлоб оид ба ташаккули иқтисоди «сабз» чун омили рушди устувори иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд

Май 26, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 26.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Ташаккули иқтисоди «сабз» ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ иштирокчиёни конференсия ба намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон шинос шуданд.

Иштирокчиён аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин ҳама бунёдкориву созандагӣ маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат ба амал омадаанд.

Иброз гардид, ки «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо мақсади рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарор мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисоди «сабз» қадамҳои устувор гузошта, бо шарофати энергияи обӣ байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро ишғол менамояд.

Натиҷаи ин аст, ки дар Тоҷикистон таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома дошта, ба наздикӣ дар мамлакат истеҳсоли электромобил, электробус ва электротроллейбус оғоз мегардад, ки идомаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди «сабз» мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Май 26, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд