Дар Мусобиқаи 2-юми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Тайиланд нуҳ варзишгари тоҷик иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 май то 2 июн дар шаҳри Бангкоки Тайиланд Мусобиқаи 2-юми ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.
Федератсияи бокси Тоҷикистон дастаи мунтахабро пурра ба Тайиланд ҷалб менамояд. Бояд гуфт, ки ин охирин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ маҳсуб мешавад.
Феълан Тоҷикистон се роҳхати олимпӣ: Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг, Давлат Болтаев дар вазни 92 кг ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг дар риштаи бокс дорад.
Хотиррасон менамоем, ки ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар ин мусобиқа чунин аст: Рӯҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 кг, Фотима Бегмуродова дар вазни 54 кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни 63 кг,Шоира Зулқайнарова дар вазни 66 кг, Меҳрон Шафиев дар вазни 51 кг, Асрор Воҳидов дар вазни 57 кг, Шамшер Саидов дар вазни 71 кг, Некрӯз Салимов дар варзиш 80 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг.
Мураббиҳои ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар ин мусобиқа Алӣ Бобоҷонов, Рустам Музаффаров ва Муҳаммадҷон Тошохунов мебошанд.
АКС аз бойгонӣ








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






