Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар доираи Форуми 6-уми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад, дар мавзуи «Нақш ва таҷрибаи пешқадами ҳокимияти қонунгузорӣ дар соҳаи муколамаи байнифарҳангӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар кори он узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ иштирок дорад.
Форуми 6-уми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ ва Конфронси байнипарламентӣ барои пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ аҳамияти хосса доранд, зеро мероси фарҳангӣ ҳувият, таърих, анъана ва арзишҳои мардумро таҷассум менамояд.
Намояндагони парламентҳо иброз намуданд, ки ҳифз ва интиқоли ин мерос ба наслҳои оянда муносибати дурусти институтсионалию қонунгузорӣ ва ҷалби фаъолонаи тамоми ҷонибҳои манфиатдорро дар ин раванд тақозо мекунад.
Гуфта шуд, ки парламентҳо на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ ҳам нақши муҳим доранд.
Акс: АЗЕРТАҶ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






