Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бо мақсади шаҳру тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти имсол бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор гардида буд, дар мавзуи «Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳо, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ» ҳамоиши назариявӣ ва амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш доир ба моҳият, зарурат ва аҳамияти мулоқоти хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки мардуми шарафманди шаҳри Норак минбаъд низ баҳри пойдории сулҳу субот, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва пешрафти Ватан саъю талош менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 9 март дар «Кохи Ваҳдат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот намуданд. Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми мамлакатро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ намуданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак