Дар Остона нахустин вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Май 17, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Остона нахустин вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, инчунин ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим -Жомарт Токаев котибони шуроҳои амнияти минтақаро ба ҳузур пазируфт.

Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба амнияти обию энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ, амнияти нақлиётӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётию логистикиро баррасӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо доир ба масъалаҳои рӯзнома изҳори назар намуда, ҳамкории дастҷамъона ва андешидани тадбирҳои муштаракро барои ҳалли онҳо ва ба ин васила такон бахшидан ба рушди иқтисодиёти минтақа, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таъмини амнияту суботи давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода мавқеъ ва манфиатҳои ҷумҳуриро баён намуда, барои ҳалли масъалаҳои матраҳгардида таклифҳо пешниҳод намуд.

Аз натиҷаи вохӯрии нахустини котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ протокол ба тасвиб расид.

Мулоқоти котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳи сентябри соли 2023 дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе садо дода буд, баргузор гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Май 17, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд