Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид

Май 15, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни корҳои ҳафриётӣ – пажуҳишӣ дар ҳудуди ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, кӯшки суғдӣ кашф гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Кӯшки суғдӣ аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Муҳсин Бобомуллоев зимни гузаронидани корҳои ҳафриётӣ –пажуҳишӣ дар ҳудуди ёдгории таърихӣ кашф гардид.

Маълум гардид, ки ин кӯшк аз ду қабат иборат аст. Ошёнаи якум аз похса ва ошёнаи дуввум аз хишти хоми маъмулии ҳамон давра ба андозаи 50 ба 25 ва 10 сохта шудаанд. Замони таърихи ёдгорӣ ба асрҳои VI-VIII мансуб буда, он дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиён сӯзонида, хароб гаштааст. Далели ин гуфтаҳо боқӣ мондани осори хокистар ва лахчаҳо дар деворҳои долони ёдгорӣ мебошад.

Инчунин аз ҳудуди ин ёдгорӣ бозёфтҳои филизии гуногун, ба мисли сиккаҳои мисӣ, нуқрагӣ, ангуштарҳо ва ҷузъҳои ороишии либос пайдо гардиданд, ки далели қадимӣ будани ин мавзеъ мебошанд. Мавҷуд будани ин гуна кӯшкҳо дар Панҷакент ва Маймурғ дар сарчашмаҳои таърихӣ низ омадааст.

Гуфта мешавад, ки корҳои иҷрошуда танҳо барои муайян кардани ҳаҷми корҳои нақшавӣ ва сабти номи ёдгорӣ ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Интизор меравад, ки дар ин ёдгорӣ моҳҳои июл-августи имсол дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Эрмитажи давлатии Русия ковишҳои ҳафриётӣ гузаронида шаванд. Омӯзишу таҳқиқот равшан менамояд, ки ин ёдгорӣ чӣ нақшаи меъморӣ ва чӣ арзиши таърихиву фарҳангӣ дорад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 15, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст