Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид

Май 6, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе намояндагии шабакаи байналмилалии беморхонаҳои туркӣ «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тавре роҳбари шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» Манучеҳр Назаров дар суҳбат бо мо иброз дошт, шабака дар 29 давлати ҷаҳон ва 53 шаҳр 50 намояндагӣ кушодааст  ва он яке аз бузургтарин шабакаҳои тиббии ҷаҳон  маҳсуб шуда, бo муассисаҳои тиббии Амрико ва Аврупо рақобат мекунад.

Беморони хориҷӣ ба намояндагиҳои «ACIBADEM» муроҷиат менамоянд, то ташхиси худро муайян кунанд ва дар беморхонаҳои «ACIBADEM» табобат гиранд.

Беморхонаҳои «ACIBADEM» дар ҳама самтҳои соҳаи тиб бо истифода аз технологияҳои инноватсионии тиббӣ, аз ҷумла ташхис ва табобати баланди касбӣ дар соҳаи онкология, пайвандсозии узвҳо, эстетика, ЭКО, нейрохирургия, ортопедия, кардиология, гинекология, тибби варзишӣ ва ғайра доираи васеи хизматрасониро пешкаш мекунанд.


Иброз гардид, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати босамар ва бароҳат метавонад ба намояндагии шабака муроҷиат намуда, аз хизматрасонии он истифода барад.

Кормандони намояндагӣ дар тарҷумаи ҳуҷҷатҳои тиббӣ, ташкили конфронсҳои онлайнӣ бо табибон ва гирифтани хулосаи тиббии дуюми ройгон мусоидат мекунанд. Инчунин, дар намояндагӣ ба беморон дар таҳияи тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ кумак расонида мешавад, зеро ҷарроҳиҳо танҳо дар беморхонаҳои «ACIBADEM» гузаронида мешаванд.

Гуфта шуд, ки шабака  соли 1991 таъсис ёфта,  24 беморхона  ва 18 маркази тиббиро дар Туркия, Нидерландия, Македония, Булғористон ва Сербия фаро мегирад ва ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти  тиббии насли навтарин муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ҳамасола  дар беморхона ва марказҳои тиббии он ба зиёда аз 5 миллион бемор хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Барои маълумоти иловагӣ метавон ба намояндагии гурӯҳи ширкатҳои «ACIBADEM» дар шаҳри Душанбе дар суроғаи: кӯчаи Садриддин Айнӣ 46/2, тел.:+992 405 000 001 муроҷиат намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад