Дар шаҳри Душанбе вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид

Май 30, 2024 18:33

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, масъулин даъват карда шуданд, ки дар ин самт фаъолиятро бештар пурзӯр намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат мамлакат хабар доданд.

Гуфта шуд, ки дар айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Таъкид шуд, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Паст намудани беморшавӣ, фавти кӯдакон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи ҳифзи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки соҳа боқӣ мемонанд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2024 18:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд