Дар вилояти Суғд ҷаласаи V Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Май 14, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Котиби генералии Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ Маликшо Неъматзода ҷаласаи V Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Шуро раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2021 бо ташаббуси давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон таъсис дода шуда, баъдан Қирғизистон ва Муғулистон ба ҳайати Шуро ҳамроҳ шуданд.

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Май 14, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст