Доир ба фазои умумии коршиносӣ ва масъалаҳои мубрами патентӣ машғулияти минтақавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар мавзуи «Фазои умумии коршиносӣ: масъалаҳои мубрами патентӣ» машғулияти минтақавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз идораҳои патентии давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиёӣ, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Академияи давлатии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия, намояндаҳои патентии Авруосиё ва дигар коршиносони соҳаи моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машғулият муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шавқат Вализода иштирок намуд.
Дар доираи машғулияти минтақавӣ намояндагони идораҳои патентии давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиё ва дигар ҷонибҳои манфиатдор масъалаҳои мубрами патентикунониро дар соҳаи дорусозӣ ва ихтироъкорӣ, ки бо истифода аз компютер амалӣ карда мешаванд ва дорои унсурҳои зеҳни сунъӣ мебошанд, баррасӣ намуданд.
Инчунин дар машғулият масъалаи ҳифзи интерфейсҳои графикӣ ва тарҳҳои технологӣ муҳокима шуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






