«ДУШАНБЕ–ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар пойтахт Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор мешавад

Май 11, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 май таҳти  унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсад аз баргузории ҳафта дастгирии шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба техникаву технологияи муосир буда, дар доираи ҳафта озмунҳои гуногун баргузор мегарданд.

Ҳафта таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: Маркази таҳлилӣ-итилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 11, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид